Меъёрҳои муносибати одамон бо ҳайвонот аз дидгоҳи Ислом

Аз замонҳои қадим одамон дар хонаҳои худ ҳайвоноти хонагиро нигоҳ медоштанд, ки онҳо ба соҳибони худ фоидаҳои гуногун меоварданд.

Дар фарҳанги ҳар кишвар, муносибат бо ҳайвонҳои алоҳида гуногун мебошад. Ҳатто дар баъзе кишварҳо намудҳои муайяни ҳайвонот ба дараҷаи муқаддас бардошта шудаанд.

Дар фарҳанги мо бошад, маъмултарин ҳайвоноти хонагӣ, ин гурба ва саг аст. Худо инсон ва коинотро барои хидмат ба Ӯ офаридааст. Дар сураи Бақара ояти 29 Худованд мефармояд: “Ӯст, ки ҳар чизеро, ки дар рӯи замин аст, барои шумо биёфарид, сипас ба сӯи осмон мутаваҷҷеҳ шуд, пас он ҳафт осмонро рост кард. Ва Ӯ ба ҳар чиз Доност”.

Суҳбате доштем бо Ҷамолиддини Хомӯшӣ, мудири бахши фатвои Маркази исломии Тоҷикистон, дар мавзуи муносибати одамон бо ҳайвонҳо аз дидгоҳи Ислом:

— Муносибати одамон бо ҳайвонот аз нигоҳи Ислом чӣ гуна бояд бошад?

— Ҳар он чизе, ки дар олам вуҷуд дорад, беҳикмат ва беҳадаф офарида нашудааст, аз он ҷумла ҳайвонҳо. Аз нигоҳи дини Ислом, ҳар он чизе, ки зинда аст, қадру манзалати худро дорад. Паёмбар салаллоҳу алайҳи вассаламро Худованд раҳмат барои тамоми оламиён офаридааст ва уммати паёмбар низ бояд созанда бошад, на сӯзанда. Яъне, нисбат ба худ, нисбат ба атроф ва нисбат ба ҳайвонҳо рафтор ва гумони нек дошта бошанд.

Паёмбари Худо салаллоҳу алайҳи вассалам гуфтаанд: “Агар касе аз мардум гунҷишкеро бикушад ё касе аз ин болотарро бикушад, ҳатман дар ин бора Офаридгор дар рӯзи Қиёмат аз ӯ мепурсад» (Нисоӣ).

Барои муносибати нек ба мавҷудоти зинда мукофоти бузурге ҳаст:

Расули Худо салаллоҳу алайҳи вассалам гуфт: «Шахсе, дар роҳ буд ва эҳсоси ташнагӣ кард. Чоҳе ёфт ва ба он фуруд омад то об бинӯшад. Чун аз чоҳ бархост, сагеро дид, ки аз ташнагӣ рӯи замини намнок мехобид. Баъд он мард боз ба чоҳ фаромад ва ба кафшҳои чарминаш об андӯхт ва обро ба саг дод. Барои ин рафтораш Худованд ҳамаи гуноҳҳои он шахсро бахшид. Саҳобагон бо шунидани ин қисса аз Расули Худо салаллоҳу алайҳи вассалам пурсиданд: «Оё мо низ барои ҳайвонҳо савоб мегирем?» Паёмбари Худо дар ҷавоб фармуданд: «Барои ҳар як мавҷуди зинда савобе хоҳед ёфт» (Бухорӣ).

Дар Ислом муносибати махсусе бо гурбаҳо вуҷуд дорад. Бо оғози давраи Исломӣ, Паёмбари Худо салаллоҳу алайҳи вассалам, нигоҳ доштани гурбаҳоро ҳамчун ҳайвони хонагӣ барои мусалмонон иҷозат дода буд.

Илова бар ин, яке аз саҳобагони маъруфи Паёмбари Худо салаллоҳу алайҳи вассалам, ки теъдоди зиёди ҳадисҳоро ривоят кардааст, лақаби «Абу Ҳурайра»-ро гирифтааст, ки маънояш «падари гурба» мебошад. Ӯро Паёмбар салаллоҳу алайҳи вассалам чунин номгузорӣ кардаанд, зеро пайваста гурбаашро дар остинаш нигоҳ медошт.

Ҷоиз будани нигоҳдории гурбаҳо дар хона низ ба он далел аст, ки ба ақидаи аксари диншиносон, онҳо ҳайвони пок мебошанд. Масалан, обе, ки гурба ламс кардааст, барои таҳорат хуб дониста мешавад. Инро ҳадисе, ки аз қавли Оиша разиаллоҳу анҳумо ривоят шудааст, собит мекунад: “Паёмбари Худо салаллоҳу алайҳи вассалам мефармояд: Дар ҳақиқат гурбаҳо нопок нестанд ва онҳое, ки гирди туанд». (Абу Довуд ва Тирмизӣ).

— Бераҳмӣ нисбати ҳайвонот аз ҷониби кӯдакон, оё ин аз калонсолон дар хона вобастагӣ дорад?

— Маълум аст, ки сабақи нахустини фарзанд аз оила шурӯъ мешавад. Вақте кӯдак мебинад, калонсолони вай нисбати ҳайвонҳо бетафовут ҳастанд ё бераҳманд, албатта ин дар мафкураи фарзандҳо таъсири худро мерасонад. Зеро модар кадбону аст, агар модари хуб бошад, аз як хамир чандин хӯрданӣ омода мекунад. Фарзанд ҳам мисли хамир аст ва модар дар домони худ метавонад фарзандро тарбия кунад.

Хосияти зараровардани фарзанд ба ҳайвону атрофро бояд дар оила ба фарзандон тарбия кард. Чӣ тавре гузаштагони мо мегуфтанд, убол аст ва бо ҳамин калима дар гузашта тарбия мекарданд, то ин ки зарири фарзандон ба дигарон нарасад.

Ҳадисҳое ҳастанд, ки дар онҳо ба одамоне, ки аз нигоҳубини чорвоҳои худ саркашӣ карда, онҳоро бидуни нигоҳубин мегузоранд, гуфта шудааст, ки чӣ интизорашон ҳаст.

Масалан дар ҳадисе, ки Бухорӣ омадааст: «Занеро бо сабаби он ки гурбаеро баста, аз нӯшидану хӯрдан манъ кард, ба оташи дӯзах маҳкум карданд. Ин зан ҳатто ин гурбаро раҳо накард, ки худаш ғизо ёфта, хӯрад. Яъне вайро дар ҷое маҳкам кард, ки ин сабаби ҳалок гардидани гурба гашт”. (Бухорӣ).

Дар Ислом зулм нисбат ба ҳайвонот (ба истиснои дифоъи зарурӣ) қатъиян манъ аст. Инсон барои содир кардани чунин гуноҳ метавонад дар оташи Ҷаҳаннам қарор гирад, зеро Худованди мутаъол бар мӯъминон амр фармудааст, ки натанҳо ба одамон, балки ба тамоми офаридаҳояш низ некӣ кунанд. Инро бояд волидон ба фарзандони худ омӯзонанд.

-Баъзеҳо мегӯянд, ки дар хона нигаҳ доштани саг мумкин нест, Ислом дар ин бора чӣ мегӯяд?

— Будани саг дар даруни хона аз нигоҳи шаръи мамнуъ аст. Аммо нигаҳ доштани саг аз аввал дар урфу одати мардуми мо роиҷ аст. Барои ҳиросат, барои посбонӣ ва хусусан чӯпонҳо ё дигар инсонҳое, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд ё агар кӯҳистон бошад, ҳатман дар ҳавлиҳои худ сагро нигаҳ медоранд ва дар ин ҷо аз нигоҳи шаръӣ ягон монеа надорад.

Бо саг дар як ҳуҷра намоз хондан номатлуб аст. Дар ҳадиси маъруф омадааст, ки «Фариштагон ба хонаҳое дохил намешаванд, ки дар он саг ё сурати (ҳайвон) бошад». (Ибни Моҷа).

Яъне, агар дар хонаи шумо саг зиндагӣ кунад, беҳтар аст, ки намози худро дар ҳуҷрае бихонед, ки саг ворид нашавад. Ба ғайр аз ин, ба мақсад мувофиқ аст, ки аз гилемча истифода баред, то ки либосҳои худро аз часпидани муйи хайвонҳо эмин нигоҳ доред. Ҳамин тариқ, шариат нигоҳ доштани ҳайвоноти хонагиро манъ намекунад. Ҳама мавҷудоти зинда офаридаи Аллоҳ ҳастанд, аз ин рӯ ҳар мусалмон вазифадор аст, ки бо онҳо муносибати дуруст анҷом диҳад.

Фақат муҳим аст, ки одамон нисбати саг вазифаҳои худро анҷом диҳанд. На ин ки сагро банд кунанду аз хӯрок хӯрдану аз нӯшидан манъ карда, вайро ба ҳалокат расонанд. Дар ин сурат сабаби гуноҳ ва ҳатто сабаби ворид шудани Ҷаҳаннам мегардад.

Дар хотир бояд дошт, ки дар хона нигоҳ доштани хайвонот ба души одамон масъулияти муайянеро мегузорад. Вақте ки шумо соҳиби ҳайвон мешавед, барои нигоҳубин ва беҳбудии он масъулед. Ҳар як ҳайвон тарзи муайяни нигоҳдории худро дорад, баъзе ҳайвонҳо гармиро дӯст медоранд ва баъзеи дигар хунукиро. Ҷои хоби онҳоро дар вақташ тоза кардан, обашонро иваз кардан ва ба онҳо сари вақт ғизо додан лозим аст.

— Дар масҷидҳои кишвар дар ин бобат кори тарбиявӣ бурда мешавад?

— Масҷид ҷои панду насиҳат аст ва дар ин маврид таъкид ҳам мешавад. Дин ин худ панду насиҳат мебошад. Маънои насиҳат — хайрхоҳӣ барои ғайр аст. Яъне барои як нафари дигар хайрхоҳ будан. Албатта дар хутабо ҳамеша дар масоҷид дар намозҳои ҷумъа ва панҷвақта барои одобу ахлоқи ҷавонон ва ҷомеа саҳмгузор буда, таъкид мекунанд. Хуб аст, ки агар муйсафедони маҳалла ба ин кор пойбанд бошанд, чунки онҳо солхӯрда буда, суханонашон муассир мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Исключительные права на все публикуемые материалы принадлежат ООО «Вечерний Душанбе».
При копировании или перепечатке материалов активная гиперссылка на источник обязательна.